СМИ Таджикистана о нас
19 июня 2012 года на расширенном заседание Координационного совета Движения и Шуро, созданного при Движении - Принято Обращение на имя Президента РФ В.В.Путина с предложением ввести визовый режим между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией
Бо гузашти солҳо аз муҳоҷирати кории тоҷикон дар Русия, гурӯҳҳои ҷинояткоре низ аз ҳисоби худи муҳоҷирон пайдо шудааст, ки ба азияту озори ҳамватанон машғуланд ва аз ин роҳ мехоҳанд соҳиби молу сарват шаванд.
Нурмуҳаммад, як муҳоҷири корӣ дар Маскав, ки аз ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон будааст, мегӯяд, зери таҳдиди гурӯҳе қарор дорад ва аз тарс наметавонад дар хона бо аҳли хонаводааш ба сар барад.
Радиои Озодӣ: Оё онҳое, ки омаданд ва Шуморо шиканҷа доданд, тоҷиканд?
На танҳо ман, мошинҳои чанд одами дигарро зада худашонро дар ҷангал бастаанд. Мошинҳоро гирифтаанд. Инҳо чанд одамаи дигарро кушта партофтаанд
Нурмуҳаммад: Ҳамаи онҳо тоҷиканд. Мо бо шартнома дар боғчаҳои кӯдакона кор мекардем. Чанд нафар аз Тоҷикистон низ бо ман кор карданд. Шартнома ҳаст, ҳамааш ҳаст. То ҳол “заказчик” ё фармоишгарон ба ширкати мо пул нагузарондаанд. Ман ҳам пул нагирифтаам. Он афроде, ки ҳамроҳи ман кор кардаанд, ба одамон -и худ гуфтаанд, ки пули моро гирифта диҳед. Онҳо ду бор бурда маро заданд. Қариб мепаронданд. Ҳамаашон мусаллаҳанд, муҷоҳиданд. Гуфтанд, ки пул медиҳӣ Лекин одамони онҳо ин қадар пул кор накардаанд. Ин пул як сӯм ё ду сӯм нест. Ин пули бисёр аст.
ГУФТАНД, КИ МЕПАРОНЕМ!
Радиои Озодӣ: Ҳоло натиҷа чӣ шуд, моҷаро ба куҷо расид?
Нурмуҳаммад: Дар натиҷа як саҳар аз хонаамон баромадам, ки ду мошини BMW пеши роҳи маро гирифт. Маро зада-зада ба мошин савор карданд ва бурданд пеши ҳамон одамон. Гуфтанд, ки ба ҳар яке аз ҳамин одамон 50-ҳазор рублӣ медиҳӣ. Ман гуфтам, ки ин қадар пулро онҳо кор накардаанд. Пули кори онҳо 20-25 ҳазор мешавад. Баъди ин маро боз дар мошин савор карданд ва ба тарафи Шолохов бурданд, ба як тарабхона. Онҳо ҷояшон ҳамон ҷост. Чӣ қадар ҷоне доштанд, заданд. Баъд ба ман 400 ҳазор “бор” карданд. Хайр, ҷон ширин. Барои ҳамин гуфтам, ки ёфта медиҳам. Ба ман “мӯҳлат” доданд. То поён ёфтани “мӯҳлат”, ман пулро гирифта натавонистам. Боз омаданду дубора бурданд Боз заданд
source
Комментариев нет:
Отправить комментарий